Туркманистон: 8 бемори сил аз маҳбас раҳо шудааст
8 тан аз маҳбусони мубталои шакли шадиди бемории сил, ки дар беморхона барои маризони мавсум ба MRB/15-и Туркманистон бистарӣ будаанд, раҳо шудаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо, баъд аз суқути Шӯравӣ ин нахустин маротиба аст, ки маҳбусони касал аз идомаи адои ҷазо озод мешаванд.
Гуфта мешавад, ҳоло ҳамаи ин ҳашт нафар дар беморхонаҳо муолиҷа мегиранд. “Аммо гумон аст, онҳо шифо ёбанд. Агар ҳар яке аз ин афрод ҳади аққал 0.5 дар сад шонси зинда монданро медошт, аз маҳбас раҳо намешуд”,-навиштааст “Алтернативные новости Туркменистана”.
Беморхонаи MRB/15 ягона муассисаи тиббӣ барои маҳбусон аст, ки онҷо маризон барои муҳлати тулонӣ муолиҷа мегиранд.