Талошҳо барои созишҳои ниҳоӣ дар Ховари Миёна
Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил, ахиран дар Қудси ишғолӣ, таъкид кард, ки авҷи низои мо бо фаластиниён дар он аст, ки онҳо мавҷудияти моро ба расмият намешиносанд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” сарвазири режими саҳюнистӣ дар ибтидои нишасти ҳафтагии кобинаи ин режим ҳушдор дод, ки ин қазия асли баҳсҳо ва муноқишоти мо бо Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Амрикоро ташкил медиҳад.
Вай дар идома бо иддаои ин, ки ташкилоти худгардони фаластинӣ фаъолиятҳо ва иқдомоти таҳрикомезеро алайҳи Исроил дунбол мекунад, афзуд, ҳар тавофуқе, ки Исроил дар хусуси марзҳо бо ташкилоти фаластинӣ ба он даст ёбад, набояд ҳуқуқи Исроил ва миллати яҳудро нодида бигирад.
Аз суи дигар Авигдор Либерман, вазири умури хориҷии Исроил таъкид кард, ки вай аз созиши ниҳоӣ ва доимӣ бо тараф фаластинӣ, ҳимоят мекунад.
Вай дар суханроние, ки дар баробари конгресси солонаи сафирони Исроил эрод кард, аз талошҳои Ҷон Керӣ барои дастёбӣ ба созиш бо тарафи исроилӣ, тақдир ва ташаккур кард.
Либерман ҳамкории Телавив бо Вашингтонро яке аз усули асосии сиёсати хориҷии Исроил донист ва гуфт, бояд дарёбем, ки амрикоиҳо бо мушкилиҳои бешуморе рӯбарӯ ҳастанд ва дар ин роҳ бояд ба Вашингтон кӯмак кунем.
Вазири хориҷаи Амрико субҳи якшанбе, пеш аз тарки Қудси ишғолӣ, аз пешравии музокироти исроилӣ - фаластинӣ сухан гуфта ва таъкид кард, ки ҳамакнун ҳамкорӣ бо мушкилот ва монеаҳои мавҷуд, оғоз шуда аст.
Керӣ ҳамчунин ба парвандаи Сурия пардохт ва гуфт, барои ман бисёр сахт аст, ки тасаввур кунам, Эрон дар конфросни Женева2 дар сатҳи вазир мушорикат дошта бошад, бо ин ҳол Эрон метавонад, дар дастёбӣ ба роҳи ҳалли буҳрони Сурия, ҳатто дар ҳошияи конфронс ҳам бошад, дорои нақши муассире аст.
Аз суи дигар Нафтолӣ Бент, вазири иқтисоди Исроил ва раиси ҳизби “Хонаи яҳуд” эълон кард, ки ҳизбаш дар бораи тағйир ва таҳаввулоти музокироти созиш, марзҳо дорад, ки набояд зери по гузошта шавад.
Манобеъи наздик ба Бент мегӯянд, ки вай ба Натаняҳу, вазири ҷанги низоми саҳюнистӣ эълон кардааст, ки ҳадду марзҳҳо дар дидорҳо ва гуфтугӯҳои онҳо бояд мушаххас бошад ва ҳар як ба онҳо эҳтиром гузоранд.