"Тоҷикистони нав"-е, ки мардумаш аз мондан рафтанро беҳтар мешуморанд
Ҳумайрои БАХТИЁР
Тоҷикистони нав. Ҳама акнун атрофи ҳамин ибора баҳс мекунанд. Бархе Тоҷикистонро аз дидгоҳи худ нав мебинанду бархеи дигар нав дидан мехоҳанд.
Дар баъзе долонҳову маҳфилҳо дар бораи бунёди Тоҷикистони нав миш-миш мекунанд. Чун медонанд, ки ошкор андешаронӣ кардан дар бораи сохтани як ҷомеаи мутамаддин маънои табдил шудан ба хоинро дорад. Зайд Саидов чӣ гуфт? Ӯ танҳо гуфт, мехоҳад як ҷомеаи озод, на аз лиҳози маънавӣ, балки аз лиҳози иқтисодӣ бисозад. Ин ошкоргӯӣ боис ба 26 соли маҳкум ба зиндон шуданаш шуд.
Зайд Саидов мехост, барои сохтани Тоҷикистони нав саҳм гузорад, яъне таҳаввулоте дар вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба вуҷуд орад. Имрӯз аксари коршиносон ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон таҳаввулот ба миён наомадааст. Аммо ба назарам тайи ин бист сол дар Тоҷикистон навигарӣ, тағйироту таҳаввулоти зиёде ба вуҷуд омадааст. Фикр мекунам, Тоҷикистоне, ки мо алъон зиндагӣ мекунем, нав аст. Тоҷикистони муосирро масъулини ҳукумати кунунӣ барои мо ба миён оварданд.
Ба ёд оред, то замоне ки ин ҳукумат сари қудрат омад, мо як зиндагии мӯътадил ва мувофиқ бо ҳамон давра доштем. Ҳатто дар солҳои мудҳиштарини бархӯрдҳои низомӣ ҷумҳурӣ бо барқу газ мунтазам таъмин буд. Ин сиёсатҳои ҳамин ҳукумат буд, Тоҷикистонро зина ба зина, қадам ба қадам ҷадидтару муосиртар кард. Инак, Тоҷикистон комилан нав шуд. Агар дар гузашта Тоҷикистон истеҳсолот дошту яке аз кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти хому тайёр ба ҳисоб мерафт, ҳоло - баръакс. Мо ҳатто ҳамон ҳаҷми истеҳсоли 50 соли пешро нигоҳ дошта натавонистем. Имрӯз мо қариб маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намекунем. Чизе ба ҷуз алюмину пахта содирот наменамоем.
Моро барои зиндагӣ дар чунин ҷомеа ва шароит омода карданд ва ё ҷабран одат кунонданд. Дар қарни фанновариҳо, ки мардуми ҷаҳон дар фикри фатҳи кайҳон аст, мо ҳамоно дар торикиву сардӣ зиндагӣ мекунем. Инро набояд бо давраи ҳукмрониҳои низомҳои қадим муқоиса кард. Он давраҳо мутобиқ бо замону имконияти худ буданд. Ҳамакнун даври дигар, замони пешрафту тараққиёт аст. Дар замони муосир зиндагӣ кардану дар хусуси Тоҷикистони бидуни газ, чароғ, нақлиёт сухан гуфтан, хеле дардовар аст. Аммо аз воқеият ҷои гурез нест. Ва метавон гуфт, ин ҳама нишонаҳое аз таҳаввулотест, ки ҳукумати муосир ба Тоҷикистони муосир овард.
Таҳаввуллоти дигаре, ки дар Тоҷикистон ба вучуд омад, ин дар равони мардум ҷой намудани эҳсоси тарс аст. Дар гузашта барои мо афсонаҳо аз қаҳрамонӣ, ҷасуриву далерии мардуми тоҷик мегуфтанд. Садҳо қиссаҳо нақл мекарданд, ки мардуми тоҷик яке аз мардуми донишманду тавоно ва ҷасуру нотарс буд. Шубҳа дорам. Чун мегӯянд, рӯҳияи инсони озодпарасту далеру донишманд шикастнопазир аст. Пас, барои чӣ имрӯз мардуми тоҷик мазлум аст? Ё наход ин ҳама сифатҳо афсона бошанд?
Имрӯз Тоҷикистонро тарзе бароямон сохтанд, ки дигар ҳар ҷо аз пастӣ, фасодкорӣ, бесаводӣ, маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ, беадолатӣ ранҷ мекашем. Дар мағзҳои мо ҷой кардаанд, ки барои расидан ба зиндагии беҳтар зарур нест, инсони бофарҳангу донишманд бошӣ. Донишу ҷаҳонбинӣ гӯиё дар ҷомеаи мо комилан арзиш надоранд. Чунин менамояд ин низом то андозае моро мутаҳҳам карда, ки дигар ҳатто орзу кардан инҷо имконнопазир гардидааст. Чанд даҳсола пеш орзу кардан барои тоҷикон низ як падидаи маъмулии инсонӣ буд. Аммо ҳоло ҳамин ҳаққи равониро низ аз мо рабудаанд. Охир ҳамин Зайд Саидов танҳо орзуи Тоҷикистони наверо дошт, ки ҳаққи инсонии ӯ буд. Мегӯянд, низоми Шӯравӣ, ки худкома буд, давоми 70 соли ҳукмронии худ дар Тоҷикситон он қадар муваффақ нашуд, ки ҳукумат дар 20 сол гардид. Бо вуҷуди низоми номусоид аз лиҳози фарҳангӣ тоҷикон зиндагии роҳаттар доштанду кӯдакон орзу мекарданд. Як кӯдак то замони ба мактаб рафтану хатм кардан орзуҳои зиёди мутахассис шуданро мекард. Бо ҳавас дониш меомӯхт. Ҳоло чӣ? Кӯдаки тоҷик дигар гӯиё орзу намекунад. Ҳанӯз аз тифлӣ ҷомеаи носолим эҳсосашро бар бод медиҳад.
Кӯдаке, ки модараш бечораву падараш муҳоҷир аст, чӣ орзу карда метавонад? Тифле, ки бояд кӯдакиаш бо ширинӣ, бозиву афсонагӯшкунӣ гузарад, дар фикри гурусна намондан аст. Кӯдаки тоҷик субҳи содиқ аз хоб хеста роҳ тарафи бозору хиёбонҳо мегирад, то пул биёбад. Онҳое, ки филми “Манқурт”-ро дидаанд, агар ҷомеаи имрӯзии моро қиёс кунанд, дарк хоҳанд кард, ки мо дар ҳолати баддтар аз “Манқурт” қарор дорем. Мо ҳам манқурт шудаем, аниқтараш манқурт кардаанд.
Вақте орзуи кӯдак серу пур зистан аст, вақте наврас бе ҳавас мактаб меравад, вақте донишҷӯ ноогоҳона маълумот мегирад, вақте ҷавон бо ихтисоси хеш кор пайдо намекунад, бо кадом далел мегўем, дар Тоҷикистон навигарӣ ё тағйирот нашудааст?
Ин аст Тоҷикистони нав. Инро ҳеч хоҷаи хориҷӣ дар ҳамдастӣ бо “хоину хиёнаткорон” насохтааст. Ин Тоҷикистони навро барои мо расман, озод, роҳат ва ба таври “демократӣ” сохтаанд.
Тоҷикистоне, ки мардумаш аз мондан рафтанро авлотар медонанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)