Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол зимистон баргузор мешавад?
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 авохири тирамоҳ ва аввалҳои зимистон баргузор мешавад. Дар ин бора Жер Валке, дабири кулли Федератсияи ҷаҳонии футбол хабар додааст.
Ӯ гуфта, ки ин мусобиқа дар моҳҳои июн-июл, ки маъмулан МҚҶ баргузор мешаванд, доир намегардад. Барои аввалин бор аст, ки расман аз тасмим барои баргузории сабқати ҷаҳонии футбол дар зимистон иттилоъ медиҳанд.
Валке гуфтааст, шояд он аз 15 ноябр то 15 январ доир гардад, зеро дар ин давом дамои ҳаво дар Қатар тақрибан ба 25 дараҷа гармӣ мерасад, ки барои бозии футбол мувофиқ меояд. Аммо Ҷим Бойс, ноибпрезиденти ФИФА ба Sky Sport гуфтааст, Кумитаи иҷроия ба ин мавзӯъ то ҳол дахл накардааст ва шояд Валке назари шахсии худро баён карда бошад.
МҚҶ-2022-ро давлати Қатар мизбонӣ мекунад. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)