Ҳукумати шаҳри Душанбе ба 5057 нафар кӯмаки яквақтаи пулӣ мерасонад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси ҳукумати шаҳри Душанбе дар асоси қарорҳои дахлдори худ 5057 нафарро бо кўмакпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид.
Тибқи иттилои расида, бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр ва фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе 2.172. 200 (ду миллиону яксаду ҳафтоду ду ҳазору дусад) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд.
Манбаъ афзуд, дар иртибот ба 20-умин солгарди истиқлолияти миллӣ ва моҳи мубораки Рамазон шаҳрдорӣ ба 202 нафар иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба андозаи 600 сомонӣ, ба 123 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида ба ҳар кадоме 500 сомонӣ, 414 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, 118 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 169 нафар маъюбони рафъи садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, 296 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 6 нафар ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва 928 нафар оилаҳои шаҳри Душанбе, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ мекунад ба ҳар кадом ба андозаи 450 сомонӣ ва ба 2798 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ба ҳар кадоме 400 сомонӣ кўмакпулии яквақта дода мешавад.{jathumbnail off}