Ҳукми Зайд Саидов одилона буд, ё фармоишӣ? Қазовати корбарон
Додгоҳи олии Тоҷикистон охири моҳи декабри соли гузашта Зайд Саидов, соҳибкор ва собиқ вазири саноати кишварро, ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард. Хабаргузории “Озодагон” аз корбаронаш пурсид, то куҷо ин ҳукм одилона ва то куҷо, ба қавли баъзе аз соҳибназарон, фармоишӣ буд?
Беш аз 60%-и иштирокдорони ин назарпурсӣ, ки 409 нафарро ташкил медиҳанд, гуфтаанд, ҳукм алайҳи Зайд Саидов аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистонро фармоишӣ донистаанд. 116 ё 17,39%-и назардиҳандагон мегӯянд, додгоҳ бояд Саидовро озод мекард.
Танҳо 7,2%-и иштирокдорон (48 нафар) ҳукми додгоҳро одилона хондаанд. Аммо 45 нафари дигари корбарон, ки 6,75%- назардиҳандагонро ташкил медиҳанд, бар инанд, ки ин ҳукм алайҳи соҳибкори тоҷик ғайримантиқӣ буда, ҳудуди 30 нафари иштирокдорон мегӯянд, умедвор буданд, додгоҳ ҳадди ақал Зайд Саидовро ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум мекард.
Дар ин назарпурсӣ, ки шумораи иштирокдорон дар маҷмуъ ба 667 нафар мерасад, танҳо 21 ё 3,15%-и назардиҳандагон гуфтаанд, ки аз ин ҳукм хабар надоштанд.
Ҳоло ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар баробари Зайд Саидов қувваи қонунӣ нагирифтааст. Вакилони ӯ барои бознигарии ин ҳукм ба раиси Додгоҳи олӣ Нусратулло Абдуллоев ва вакилони парлумон муроҷиат карда, посухе дарёфт накардаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)