Далели азонгуии шаҳрванди Гвинея дар боми калисои Маскавро бекорӣ мегӯянд
Завҷаи марди африқоие, ки аз боми калисои ҷомеъи Маскав дар Майдони сурх мардумро ба намоз даъват кард, гуфтааст, шавҳараш барои он ин корро анҷом дод, ки дар Русия ӯро ба кор қабул намекунанд.
“Ӯ соли 2009 ба Русия омад. То имрӯз ба мо ҳуҷҷат намедиҳанд ва ӯ наметавонад кор пайдо кунад. Як одами хуб аст. Ҳамроҳи ман ба серков мерафт. Ҳарчанд пайрави Ислом аст, аммо дар ҳамаи ҷашнҳои православӣ маро ҳамроҳӣ мекард. Ба дини ман бо эҳтиром муносибат намуда, идеяҳои ифротӣ надошт”,-гуфтааст Екатерина Барри, ҳамсари Маҳмад дар мусоҳибае ба LifeNews.
Маҳмад Хассима Барри, шаҳрванди Гвинея соли 2009 аз кишвараш фирор карда, баъди як сол дар Русия мақоми паноҳандаро дарёфт кардааст. Ӯ шоми 6 январи соли 2014 аз боми калисои ҷомеъи Маскав бо садои баланд азон гуфт. Навори ин азонгӯӣ дар интернет зуд паҳн шуда, вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.
Ба иттили манбаъ, Екатерина ва Маҳмад ҳангоми сайругашт дар боғ бо ҳам ошно шуда, издивоҷ кардаанд.
LifeNews мегӯяд, ин шаҳрванди 39 солаи Гвинеяро баъди поин шудан аз боми калисо ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ бурдаанд. Кристина Барри, духтари Маҳмад гуфта, ки бо далели пайдо накардани кор асабҳои ӯ хароб шудаанд.
Екатерина гуфтааст, онҳо қасд доштанд барои зиндагии ҳамешагӣ ба Амрико раванд. Танҳо бояд баъзе санадҳоро дуруст мекарданд.