Ихтилоф миёни мухолифони Сурия
Хабаргузории “Форс” аз ихтилоф миёни мухолифини Сурия ва истеъфои 43 узви Эътилофи мухолифини ин кишвар хабар додааст.
“Форс” ба нақл аз рӯзномаи саъудии “Аш- шарқ ал - авсат” иттилоъ медиҳад, ки аз 121 узви эътилофи миллии мухолифон, 43 узви хориҷнишини он майли истеъфо аз эътилофро доштанд ва онро ба хотири хостаҳое, аз ҷумла эътироз барои ширкат дар иҷлосияи Женева, дар бораи Сурия, ба ҳайъати умумии эътилоф ирсол карданд. Ин ҳайъат дар ҳоли нишаст дар шаҳри Истанбули Туркия аст.
Дабирхонаи Созмони милали муттаҳид рӯзи сешанбе фиристодани даъватномаҳо барои ширкат дар ин иҷлосро оғоз кардааст. Аммо як манбаи муҳим дар эътилоф, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Аш-шарқ ал-авсат гуфтааст, далели ин тамоюл ба истеъфо ба хотири ихтилофоти интихоботӣ аст. Вай таъкид кардааст, ки мавзӯи ширкат кардан дар иҷлоси Женева дар нишасти эътилоф дар Истанбул матраҳ нашудааст.
Дуюмин рӯзи нишасти эътилоф дар Истанбул, бо интихоби дубораи Бадр Ҷомус ба дабири куллӣ, аз тариқи раъйгирӣ поён ёфт. Эътилоф ду рӯз пеш низ бо раъйгирии Аҳмад Осалҷабро, муҳра ва дастнишондаи Арабистонро бори дигар ба раёсати ин эътилоф интихоб карда буд.
Як манбаъ гуфт, тими шикастхӯрда дар ин интихоботи дохилии эътилоф, тасмим гирифт, ки ба хотири пирӯз нашудан, истеъфо диҳанд.
Мустафо Алсабоғ, дабири кулли собиқ, аз ҷумлаи афроди истеъфодиҳанда аст, ки аз даври дуюми интихоботи дохилӣ канор кашид. Бархе аз афроди истеъфодода низ намояндагоне аз шӯроҳои маҳаллӣ ва низомӣ ҳастанд.