“Сангтӯда 2” қатъи фаъолияташро шарҳ дод
Масъулини нерӯгоҳи “Сангтӯда 2”, дар суҳбат бо “Озодагон”, ки се рӯз боз омилҳои қатъи фаъолияти ин нерӯгоҳро таҳқиқ мекунад, изҳор доштанд, ки нерӯгоҳ ба далели гузарондани таъмири солона муваққатан фаъолият намекунад.
Як манбаъ аз мудирияти нерӯгоҳ дар суҳбат бо “Озодагон” таъкид кард, ки аз кор мондани “Сангтӯда 2” ягон ангезаи сиёсӣ надорад ва танҳо ба хотири таъмири солона фаъолияти он муваққатан қатъ шудааст. Ба иттилои манбаъ ба таъмири нерӯгоҳ мутахассисони чинӣ ҷалб шудаанд.
Мусоҳиби мо афзуд, ки танҳо дар сурати иҷозаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон метавонад, ин масъаларо муфассалтар шарҳ диҳад.
Дар ҳамин ҳол Пулод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои об дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки ин ниҳод ба фаъолияти нерӯгоҳи “Сангтуда 2” дахле надорад. Муҳиддинов илова кард, ки дар ин бора танҳо ширкати “Барқи тоҷик”, ки бо ин неругоҳ қарордод дорад, метавонад, суҳбат кунад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо “Озодагон”, гуфт, чархаи аввали неругоҳи Сангтуда-2 ҳамоно фаъолият дорад ва гуфтугузорҳо дар мавриди қатъи кори ин нерӯгоҳро беасос хонд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки дар фасли зимистон Тоҷикистон бо норасоии шадиди нерӯи барқ дучор мегардад ва мақомоту мардуми тоҷик умед доштанд, бо фаъол гардидани нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” вазъи таъминот бо барқ дар кишвар беҳбуд меёбад.
Иддао дар мавриди таъмири нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” дар ҳолест, ки ин нерӯгоҳ ҳанӯз пурра фаъол нашуда ва чархаи дуюми он расман ба кор надаромада буд.
Интизор мерафт, баҳори соли 2013 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури пешини Эрон чархаи 2-уми неругоҳи Сангтӯда-2, ки бо сармояи ин кишвар дар Тоҷикистон бунёд шудааст, ба фаъолият дароварда шавад. Аммо бо сабабҳои номаълум ҳам сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ва ҳам ин чорабинии ифтитоҳия ба таъхир андохта шуд.
Баъдан, замони ба курсии раёсат нишастани Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури вақти Эрон, гуфта мешуд, сафари ӯ ибтидои моҳи ноябри соли гузашта ба Тоҷикистон анҷом ёфта, дар ҷараёни он чархаи дюми Сангтуда-2 ба фаъолият шуруъ кунад. Вале ин бор низ сафари раисиҷумҳури вақти Эрон ба Душанбе боз бо сабабҳои номаълум сурат нагирифт ва чархаи неругоҳи мазкур низ фаъол нагардид.
Ин ҳама таъхиркориҳо дар пасманзари баҳси Сангтуда-2 ва ширкати Барқи тоҷик ба миён омаданд, ки ба гуфтаи масъулини нерӯгоҳ ин ширкат ҳудуди 27 миллион доллар ҳаққи барқи аз чархаи якум гирифтаашро надодааст.
Неругоҳи Сангтуда-2 яке аз тарҳҳои бузурги Эрон дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар ҷануби кишвар бо 180 миллион доллар саҳми Теҳрон ва 40 миллион доллари худи Душанбе бо усули “биотӣ” сохта шудааст. Тибқи ин усул нерӯгоҳ давоми 12,5 сол дар ихтиёри Эрон хоҳад буд ва баъди гирифтани хароҷоташ онро ба Тоҷикистон месупорад.