Палав ё қурутоб? Вокунишҳо ба як хабари "Озодагон"
Як хабари торнамои “Озодагон” дар бораи баргузории “Иди қурутоб” дар посух ба барномаи “Орел и Решка” вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Бисёре аз хонандагони мо сари ин мавзӯъ баҳс карданд, ки оё қурутоб ғизои миллии тоҷикон аст, ё аз дигарон. Ҳоло ду номаи хонандагонро, ки яке аз номи Насибҷону дигаре аз тарафи Луқмон Бойматов ирсол шудааст, нашр мекунем.
НОМАИ НАСИБҶОН:
“Биёед, баҳси онро, ки қурутоб хӯроки миллӣ аст ва ё маҳаллӣ як сӯ гузорем... Ин ба бисёриҳо рӯшан аст, ки он хӯроки як маҳалли Тоҷикистони азизи мост ва бигзор он ҳам дар дастурхони мо бошад. Вале агар мо таоми миллӣ бигӯем, бояд ҷойгоҳи таомҳои тоҷикиро дуруст муайян карда, пас якеи онро чун таоми асосии миллӣ ба дигарон манзур созем.
Мо, хушбахтона, чандин чунин хӯрок дорем, вале машҳуртарин ва миллитарин хӯроки мо ҳамоно палав аст ва инро бояд ҳар як тоҷик бидонад! Палав хӯроки тамоми тоҷикони ҷаҳон аст--ҳам тоҷикони Тоҷикистону ҳам тоҷикони Узбакистон, ба шумули тоҷикони Самарқанду Бухоро (зимнан як намуди машҳур ва фарқкунандаи палав палави Самарқанд аст) ва дигар манотиқи Осиёи Миёна ва ҳам тоҷикони Хуросон (Афғонистон) ва тоҷикону форсизабонҳои Эрон...
Палавро чун хӯроки бас судманди мо Абӯали ибни Синои бузург ва Искандари Мақдунӣ ситоиш кардаанд. Барои ҳамин, ба хотири ин ки ин хӯроки хешро ҳам бо дастони хеш ба узбакҳо набахшем, бояд танҳо ин хӯрокро таблиғ кунем, на қурутобу дӯғобро... Зеро таблиғи қурутоб, ба вижа дар хориҷа, ин маънии ба ҷои поин фаровардани палав аст ва чунин бархӯрди мо хидмати хубе ба миллат нахоҳад шуд. Ман ин ҷо дигар хӯрокҳоямонро паст намезанам, вале воқеиятро бояд гуфт, ки палав хӯроки пурра тоҷикист, ки таърихи чандҳазорсола дорад ва имрӯз ҳам хӯроки асосии ҷашну маъракаҳои мардумиамон (хатнасур, ҷашнҳои мардумӣ, маъракаҳои шодиву ғам) палав аст.
Он нукта, ки узбакҳо палавро мехоҳанд хӯроки миллии худ бихонанд, ба воқеият дуруст намеояд. Онон палавпазиро аз мо, тоҷикон омӯхтаанд ва имрӯз дар Узбакистон хӯроки машҳур дониста шудани палав ҳам ба ин бастагӣ дорад, ки дар он ҷо ҳам палавпазҳои аслӣ тоҷиконанд ва онҳо барои дар байни дигар ақвоми турки (узбаку қазоқ ва қирғиз) ин ҷумҳурӣ ҳам паҳн гардидани палав сабабгор шудаанд. Аз ин нигоҳ, аз ҳамаи ҳаммиллатони гиромӣ хоҳиш дорам, ки дар ҳар ҷо палавро чун хӯроки шумораи аввали тоҷикӣ муаррифӣ кунед ва албатта, ҳар яки Шумо пӯхтани онро медонед, зеро мегӯянд, ки тоҷике, ки палав пухта наметавонад, тоҷики пурра нест...”
НОМАИ ЛУҚМОН БОЙМАТОВ:
“Бо арзи салом! Ин навор дақиқан бозгӯкунандаи сатҳи биниши таҳлилгарони сиёсии миллӣ аст. Аз будани ҳадафи хато, набудани он беҳтар аст. Аз таблиғи дурӯғин пазируфтани ростии талх беҳтар аст.
Ошкор аст, мақсади аслии ин навор - таблиғи «Қурутоб» ба унвони таоми мӯътабари миллӣ дар пеши миллатҳои ҷаҳон аст. Агар бародарамон Иззат Амон ва ҳаводорони эшон ба умқи масъала хуб мерасиданд, ҳаргиз иқдом ба ҳамчунин қасд намекарданд. Аз роҳи эҳсосот ва хӯи маҳалситезӣ будааст, ки иддае аз кӯтоҳназарон, хостанд, аз як ғизои содаи маҳаллӣ, таоми мӯътабари миллӣ бисозанд! Агар инон ҳатто як назари кӯтоҳе бар решаи номи ғизо мекарданд, бидуни шакк, чои тааммул бар сарашон холӣ мешуд!
«Қурутоб» дар асл аз ду вожа: «Қурт» (муғулӣ) ва «об» (тоҷики) сохта шуда ва асл он «Қурт ва об» аст. Оқои Изат! Инсофан бигӯед, кадоме аз ин ду вожа асли моҳияти ғизоро ташкил додааст? «Қурт»-и муғулӣ ё «об»-и тоҷикӣ-форсӣ?
Иззат Амон! Агар надонед, бояд бидонед, ки «Қуртуоб» аз ғизоҳои саридастии сарбозони муғулӣ буда ва муғулони саҳронавард, ба далели зиндагии кӯчӣ доштанашон, бахусус ҳангоми юриш ва ҳаракаташон аз як ҷо ба ҷои дигар қуртҳои зиёдеро дар кисаҳо ҳамл мекарданд ва ҳар гоҳ ки ниёз ба тағзия доштанд (дар ҳар ҷое, ки қарор доштанд) аз ҳал кардани қурт дар об тааммул мекарданд.
Ҷолиб ин ҷост ва донистанаш барои миллатдӯстон ҳам бад нест, ки дар тӯли таърихи беш аз 700 сол, ғизои «қуртоб» ҳаргиз дар феҳристи тағзия ва хӯроки шаҳрнишинон ва деҳнишинони тоҷикону эрониён ворид набуд. Аз ҳама муҳим, ашрофи ин минтақа, номи «қуртоб» ва ҳамчунин навъи хӯрокро аз ғизоҳои хосси рунуд ва муғулони кароуннос («муғулони сиёҳ» - номи таҳқирӣ барои муғул) медонистанд! Зимнан, суол ин аст, ки дар кадом феҳристи таърихӣ таомҳои миллӣ муҳимтарин шаҳрҳои ҳуввиятсози миллии Мовароуннаҳру Хуросон номи «қуртоб»-ро дидаед?
Иззат Амон! Медонам, нияти хубе доштед, вале агар каме бештар тааммул мекардед, дар феҳристи таомҳои миллии тоҷикон ва эрониён беҳтар ва асилтар аз қурутоб ғизоҳоро пайдо мекардед! Аммо бояд бидонем, мушк он аст, ки худ бибӯяд, на он аст, ки аттор бигӯяд!
Бо орзуи барори кор, муаррих Луқмон Бойматов.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)