Баҳси гузоштани намоз аз паси имоме, ки ҳақиқатро намегӯяд
Торнамои Тurajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо гузоридани намозро бо имоматии шахсе, ки аз гуфтани сухани ҳақ худдорӣ мекунад, раво хондааст.
Ин торнамои исломии кишвар дар посух ба суоли яке аз корбаронаш овардааст, хондани намоз аз пушти касоне, ки сухани ҳақро намегӯянд ҷоиз аст: “Намоз аз пушти ҳар кас, хоҳ фосиқ бошад хоҳ накӯкор, ҷоиз аст.” Ба навиштаи Тurajon.org, ҳар шахсе дар гуфтани сухани ҳақ сарпечӣ мекунад, назди Худованд худ ҷавоб медиҳад.
Аммо веб-сайти бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар шарҳи гуфтаҳояш ба корбарони худ намоз гузоридан аз пушти имом-хатиберо, ки аз гуфтани сухани ҳақ сарпечӣ намекунад, тавсия додааст: “Агар шумо масҷидеро донед, ки имомаш Худотарсу ҳақиқатгӯ аст, пас, дар он ҷо намоз хонед беҳтар аст.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)