Ҳушдори мақомот аз харидории симкортҳои “беном”
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хостааст, аз фурӯш ва харидории сим-кортҳои «беном» дар кӯчаву хиёбонҳои ин кишвар худдорӣ намоянд.
Тавре аз хадамоти муҳоҷират ба “Озодагон” иттилоъ доданд, аз 1 январи соли равон мувофиқи меъёрҳои нави қонунгузории федералӣ дар қаламравӣ Русия фурӯши сим-кортҳо барои алоқаи мобилӣ дар кӯчаҳо, бидуни сабти ном ва дигар нишондодҳои муайянкунандаи шахсияти харидор манъ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳадаф аз татбиқи ин чораҳо пешгирии амалҳои қаллобӣ, ки бо истифодаи симкортҳои, ба истилоҳ «бесоҳиб» анҷом дода мешуд: “Минбаъд тибқи талаботи нав фурӯши сим-кортҳо танҳо бо таври стансионарӣ, дар дӯкону толорҳои фурӯшгоҳҳо иҷозат дода мешавад. Дар қонуни нав танҳо воситаҳои нақлиёте, ки маҳз барои хизматрасонии муштариён муҷаҳхаз гардонида шудааст, аз ин истисноянд”.
Намояндагии хадамот иброз медорад, ки барои иҷро нагардидани талаботи мазкур қонунгузорӣ ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ намудаст. Ҳамчунин бастани шартнома аз номи оператори мобилӣ ба шахсоне, ки чунин ваколатро надоранд, ба шахсони воқеӣ- аз 2 то 5 ҳазор, ба шахсони масъул- аз 10 то 50 ҳазор, ба шахсони ҳуқуқӣ-аз 100 то 200 ҳазор рубл ҷарима муқаррар гардидааст.
Ба ақидаи ташаббускорони ин меъёри қонунгузорӣ 70 фисади зангҳои телефонии бардурӯғ оид ба бомбгузорӣ ва дигар намуди авбошии телефонӣ тавассути чунин муштариёни ноайён содир мешаванд.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ дар шаҳрҳои калони Русия то ҳанӯз фурӯши сим-кортҳо бо усули пешина идома дорад. Дар бархе аз сомонаҳои интернетӣ аз номи операторҳои маъмули мобилӣ эълонҳо оид ба ҷалби фурӯшандаҳо аз ҳисоби донишҷӯён ва муҳоҷирон бо ваъдаи дастмузди аз 17 то 25 ҳазор рубли русӣ интишор мешаванд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)