ФФТ беҳтаринҳои футболи тоҷикро эълон мекунад
Рӯзи ҷумъаи 10 январ маросими тақдими ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои футболи тоҷик дар мавсими 2013 баргузор мешавад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, расми эълони беҳтаринҳо дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси Душанбе” бо иштироки тимҳои ғолиби лигаҳои аввал ва олӣ, тренер, довар ва собиқадорони футболи кишвар ва меҳмонҳои фахрӣ доир мегардад.
Маҳз дар ин рӯз ба қаҳрамонҳои лигаи олӣ – “Равшан” (Кӯлоб), “Истиқлол” (Душанбе) ва “Хайр” (Ваҳдат), ғолибони лигаи аввал – “Саройкамар” (Панҷ), “Эсхата” (Хуҷанд) ва “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан нишонҳои тило, нуқра ва биринҷӣ тақдим хоҳад шуд.
Ба ҷуз ин, дар маросим исми “Беҳтарин дарвозабон”, “Беҳтарин ҳимоятгар”, “Беҳтарин нимҳимоятгар”, “Беҳтарин ҳамлагар”, “Беҳтарин нишонзан”, “Беҳтарин тренер”, “Беҳтарин довар”, “Беҳтарин легионер”, “Беҳтарин футболбози тоҷик, ки дар кишварҳои дигар бозӣ мекунад”, “Беҳтарин бонуи футболбоз”, “Беҳтарин бозигари футзал”, “Беҳтарин футболбози наврас” (дар се син), “Беҳтарин тренери кӯдакон” ва “Беҳтарин футболбози Тоҷикистон” эълон хоҳад шуд.
Дар гузашта ба унвони “Беҳтарин футболбози Тоҷикистон” шаш нафар даст ёфтаанд: Хуршед Маҳмудов аз ҳама бештар – чор маротиба (2005, 2006, 2008, 2011), Нуъмон Ҳакимов ду маротиба (2007, 2009), Аслиддин Хабибуллоев (2003), Анвар Норқулов (2004), Юсуф Рабиев (2010) ва Дилшод Восиев (2012) як маротибаӣ. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)