Андерс Брейвики қотил бо «Славянский союз»-и Русия ҳамкорӣ доштааст
Сарвари созмони фашистии «Славянский союз-Русские» Дмитрий Демушкин бо терористи норвежӣ Андерс Брейвик равобити зичи ҳамкорӣ доштааст.
Дмитрий Демушкин ба хабаргузориҳо иқрор кардааст, ки Брейвик бо шўъбаи ослоии «Славянский союз иртиботи қавии ҳамкорӣ дошт. Ў гуфтааст, Андерс Брейвик барои машқдиҳӣ ба аъзои созмони «Славянский союз» ба бошишгоҳи онҳо ба минтақаи Завидовои Маскав, наздикии қароргоҳи Дмитрий Медведев омада, малакаи тирпарронӣ ва тактики онҳоро такмил дода будааст.
Феълан, созмони «Славянский союз»-и Осло мавриди тафтиши пулис қарор гирифта, сарвари он аллакай Норвежро тарк гуфтааст.
Ҳамчунин, Андерс Брейвик барои ғайриқонуни ворид шудани Вячеслав Датсик, якеи дигар миллатгарои рус ба Норвеж мусоидат ва кумак намуда будааст.
Пулис аз маъқари созмони «Славянский союз» дар Осло як миқдор аслиҳа, тирҳои гуногун ва либоси ҳарбӣ пайдо кардааст, ки бино ба гумони пулиси ин кишвар чунин лавозимотро танҳо бо кўмаки миллатгароёни рус аз Русия дастрас кардан имкон доштааст. {jathumbnail off}
Дар ҳамин ҳол қотили афроди зиёд, душмани мусулмонон -Андерс Брейвик гуфтааст, эҳтироми зиёд ба Владимир Путин, сарвазири Русия дорад, ва чанд нафари дигарро дар ин кишвар мешиносад ва манофеи Русияро аз манофеи Аврупо боло мегузорад.