1 790 парванда барои нақзи қоидаҳои экологӣ дар Душанбе
Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе мегӯяд, барои нақзи қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар пойтахт тайи соли 2013-юм нисбати 1790 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 140 000,0 сомонӣ ҷарима баста шудааст.
Тибқи иттилои ин раёсат соли гузашта зарари экологӣ дар Душанбе 381 000 сомониро ташкил додааст, ки аз ин 46 600,00 сомонӣ рӯёнида шуд ва ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2012, 21 600 сомонӣ зиёд мебошад.
Манбаъ меафзояд, ки баробари ин ҳар рӯз аз пойтахт ба ҳисоби миёна 600-800 тонна партовҳо бароварда мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳисти зист дар нишасти матбуотии ахири худ аз вазъи муҳити зист дар Душанбе изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки фаъолияти корхонаҳои арматурбарорӣ дар пойтахт ба муҳити шаҳр таъсири манфӣ мерасонад.