Фарҳод Тоҳиров ба клуби футболи Қазоқистон даъват шудааст
Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол барои санҷиш ба клуби “Жетису”-и Қазоқистон даъват шудааст.
Тоҳирови 23-сола мавсими гузаштаро дар тимҳои “Парвоз” ва “Истаравшан” гузаронд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон Фарҳод Тоҳиров 6 январ ба клуби “Жетису”, ки дар Туркия тамрин мекунад, пайвастааст: "Дар сурати аз санҷиш гузаштан бо ӯ қарордод баста мешавад".
Фарҳод Тоҳиров 29 майи соли 1990 таваллуд шуда, дар ҳайати клубҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, “Истиқлол”-и Душанбе, “Андиҷон”-и Узбакистон ва “Истаравшан”-и Истаравшан бозӣ кардааст.