ВИДЕО: Шаҳрванди Узбакистон дар муомилоти 45 кило ҳероин муттаҳам мешавад
Дар пойтахти Русия бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми калон як шаҳрванди Узбакистонро боздошт кардаанд.
Кормандони Раёсати хадамоти федеролии назорати гардиши маводи мухаддири Русия гуфтааст, зимни баргузории як амалиёт аз дастгиршуда беш аз 45 кило ҳероини навъи олӣ ёфт ва мусодира гардидааст, ки арзиши онро мутахассисон 1,5 миллион доллари амрикоӣ гуфтаанд. Сергей Кондрин, муовини сардори ин раёсат дар Маскав гуфтааст, шаҳрванди боздоштшудаи Узбакистон 30 сол дошта, ин миқдор маводи нашъадорро дар дарҳои мошинаш руст кардааст.
Гуфта мешавад, дастгиршуда бо гуруҳҳои трансмиллии ҷиноӣ ҳамкорӣ дошта, ҳероини мусодирашуда дар яке аз лабараторияҳои Афғонистон тавлид шудааст.