Мурофиаи 10 нафари муттаҳам дар қатли Сорбон ва Саъдӣ (АКС+ВИДЕО)
Нилуфари КАРИМ
Додгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз зӯҳри ҳафтуми январ ба баррасии парвандаи гурӯҳи даҳнафарии муттаҳамони қатли Сорбон Музаффарбекови 20-сола ва Саъдӣ Сатторови 25-сола оғоз кард. Раисикунандаи мурофиа додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе Абдусамим Одинаев аст.
Сорбон Музаффарбеков, муштзани тоҷик, 26 августи соли 2012 дар наздикии тарабхонаи “Бешаи палангон”-и шаҳри Душанбе бо зарби корд захмӣ шуда, баъдан дар бемористон ҷон додааст. Мақомот дар марги ӯ Шералӣ Муродови 22-сола, Камолиддин Тошзодаи 21-сола ва Абдулазиз Шарифҷони 24-соларо айбдор мешуморанд.
Париноз Улфатшоева, модари Сорбон Музаффарбеков, дар назди додгоҳи шаҳри Душанбе, ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, мехоҳад, муттаҳамони қатли писараш ба бадтарин ҷазо маҳкум бишаванд: “Мехоҳам, бадтарин ҷазоро ба онҳо бидиҳанд, то бифаҳманд, зиндагӣ чист. Бачаи ман шахси кӯчагард набуд. Дар Донишгоҳи политхеникӣ мехонд. Бар илова бачаҳои мардумро таълим медод, бокс ёд медод.”
Мусоҳиби мо афзуд, “то замоне ҳастам, ин доғ аз дилам намеравад. Он ваҳшигарие, ки инҳо карданд, ягон ваҳшӣ намекунад. Аввал бехабар ба тани писарам корд заданд ва ӯро таъқиб намуда, дар таҳи купрӯк боз бо кордчаҳои гуногун ба аъзои бадани ӯ зарба заданд.” Париноз Улфатшоева дар идома гуфт, бино ба хабаре, ки дастрас кардаанд, ду тан аз муттаҳамони куштори писараш ҳанӯз боздошт нашуда, зоҳиран аз кишвар фирор намудаанд. Яке аз ин муттаҳамон, ба қавли модари Сорбон, Мубориз Муҳаббатов ном дошта, гӯиё ному насабашро ҳам иваз намудааст.
Аммо Субҳон Тошев, падари Камолиддин, яке аз муттаҳамони куштори Сорбон Музаффарбеков, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш аслан дар ин қазия айбе надорад. Ба қавли ӯ, гӯиё навори видеоӣ ҳаст, ки бегуноҳии писарашро исбот мекунад, аммо мақомот аслан ба он эътибор намедиҳанд. “Рӯзи 31 августи 2012, баъд аз ҳодисаи куштори Сорбон, ки писари ман низ дар “Бешаи палангон” буд, худам ӯро ба додситонӣ бурда супоридам. Бовар доштам, ки ӯ бе гуноҳ аст. Вале ҳоло ӯро ба курсии айбдорӣ шинондаанд”,-афзуд ӯ.
Ҳуқуқдон Бузургмеҳр Ёров дар ин мурофиаи додгоҳӣ аз Дилшод Наимов дифоъ мекунад, ки дар робита ба куштори Сорбон Музаффарбеков боздошт шуда, ҳоло ба курсии айбдорӣ нишастааст. Оқои Ёров мегӯяд, дар маҷмӯъ, дар ин мурофиа парвандаи 9 нафар баррасӣ мешавад, ки 4 нафари онҳо бо моддаи куштор, 2 нафар барои сохтакорӣ ва дигарон барои авбошӣ айбдор мегарданд. Дилшод Наимов, нафари таҳти ҳимояти Бузургмеҳр Ёров, 24-сола буда, соҳиби як фарзанд мебошад. Оқои Ёров мегӯяд, “зерҳимояи ман худро гунаҳкор намешуморад. Сорбонро хуб мешинохтааст. Падари Сорбон дар толори додгоҳ гуфт, ки Дилшодро намешиносад, аммо бародари Сорбон зерҳимояи маро хуб мештиносад. Вай гуфт, ҳамин Дилшод бегуноҳ аст.”
Қатли Саъдӣ Сатторови 25-сола моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт сурат гирифтааст. Баъдан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ҳафт нафари муттаҳам дар куштори Саъдиро боздошт намудааст, ки дар миёнашон Ҷаҳонгир ва Шералӣ Муродовҳо низ буданд.
Дар пайи ин ҳодиса, волидони Саъдӣ Сатторов низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карданд, то тафтишоти қазияро зери назорати худ бигирад. Волидони ин ҷавони марҳум аз он нигаронӣ карданд, ки гӯиё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷиноятҳои вазнин халос шудааст.Акси Сорбон Музаффарбеков: Акси Саъдӣ Сатторов: Назди Додгоҳи шаҳри Душанбе, 7 январ: Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)