Санҷиши "Контбонк", бонки марбут ба Занҷонӣ дар Душанбе
Бонки Миллии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми январ бо пахши як баёнияи расмӣ иттилои расонаҳои эрониро дар мавриди фаъолияти Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ дар Тоҷикистон шарҳ додааст.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки тариқи Бонки Миллӣ ба Эрон ягон маблағ интиқол наёфтааст. Дар мавриди “Конт Investment Bank”, ки ба Бобак Занҷонӣ марбут дониста мешавад, Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ин бонк таҳти таҳримҳои байналхалқӣ қарор дошта, хизматрасонии интиқолҳо дар он, дар асоси дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2013 боздошта шудааст: “Бино ба ин Бонки миллии Тоҷикистон бори дигар таъкид менамояд, ки тавассути суратҳисобҳои мавҷудаи бонки мазкур дар Бонки миллии Тоҷикистон дар ин давра ягон амалиёти интиқолӣ, ки аз ҷониби таҳрим манъ гардидааст, гузаронида нашудааст.”
Дар мавриди мулоқоти масъулини баландмақоми Бонкҳои марказии Тоҷикистону Эрон ва баррасии қазияи Занҷонӣ Бонки миллии Тоҷикистон меафзояд, ки “ вохӯрӣ бо ҳайати баландпояи намояндагии эронӣ бо сарварии муовини Раиси Бонки марказии Эрон тибқи риояи муқаррароти протоколӣ барпо шуда, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шаффоф сурат гирифта буд.”
Иттилои расонаҳои эрониро, ки гӯиё ҷониби Тоҷикистон барои мулоқот бо масъулини Эрон дар мавриди Бобак Занҷонӣ таъхиркорӣ кардааст, Бонки Миллии Тоҷикистон рад намуда, таъкид дорад, ки боиси таассуф аст, дар мақолаи дарҷшуда кӯшишҳои Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷро намудани расмиёти протокол ҳамчун кашолкорӣ барои ташкили мулоқот маънидод шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон илова мекунад, ки айни ҳол барои возеҳтар кардани масъала гуруҳи махсуси ин бонк ба “Конт Investment Bank” равона шуда, машғули санҷиш мебошанд.
Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки дар Тоҷикистон “Конт Investment Bank” ва Азия Экспресс ба ӯ марбут дода мешаванд, ҳафтае пеш ба иттиҳоми пардохт накардани беш аз 2 миллиард евро ба Вазорати нафти Эрон боздошт шуда буд. Қаблан гуфта мешуд, ки Занҷонӣ ин маблағро тариқи Бонки миллии Тоҷикистон ба Эрон пардохт кардааст, ки баъдан рад шуд ва айни ҳол Занҷонӣ иддао дорад, ки маблағро тариқи Русия ба Эрон пардохт намудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)