Зайнулло Соҳибов, додари домоди президент, раиси “Сементи тоҷик” шуд
Зайнулло Соҳибов, додари Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раиси клуби “Равшан”, раҳбари нави корхонаи “Сементи тоҷик” таъин шудааст.
Меҳрангез Назарова, котиби матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо “Озодагон” ин хабарро тасдиқ кард. Ба қавли мусоҳиби мо, инчунин, корхонаи “Тоҷиксемент” ба ҷамъияти саҳомӣ табдил шуда, номашро ба “Сементи тоҷик” иваз намудааст.
Зайнулло Соҳибов дар курсии раиси “Сементи тоҷик” Маҳмадсаид Зубайдовро иваз намуд. Вай фориғуттаҳсили факултаи иқтисодии Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ва факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар Академияи давлатии хоҷагии қишлоқи назди президенти Русия таҳсил кардааст.
“Тоҷиксемент”, калонтарин корхонаи сементбарории кишвар, ки дар пайи қатъи интиқоли гази табии Узбакистон аз кор монд, баъди гузаштан ба ангишт моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дубора фаъол карда шуд. Мақомот мегӯянд, “ҳоло навбати якуми ин корхона бо технологияи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори солонаи он 180 ҳазор тонна семент мебошад. Ин кор бо харҷи қариб 13,5 миллион доллари амрикоӣ анҷом дода шуда, аз 1140 нафар коргарони пешин 883 кас аз нав ба кор ҷалб карда шудааст. Бо вуҷуди истифода аз ангишт, ин технологияи нав каммасрафу бепартов буда, ба муҳити зист ҳеч гуна зарар намерасонад. Дар истеҳсоли 510 тонна семент, ки иқтидори шабонарӯзии корхона аст, ҳамагӣ 350-400 кг ангишт сарф мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки иқтидори лоиҳавии корхонаи “Тоҷиксемент” беш аз 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар акс: Зайнулло Соҳибов, нафари аввал аз тарафи чап
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)