Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон дигар барои Пентагон хатарзо нестанд
Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон аз феҳрасти “кишварҳои хатарзо” берун шудаанд. Ин нукта дар матлабе, ки сомонаи Пентагон нашр кардааст, зикр мешавад.
Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 1 июни соли 2014 ба кишварҳои “хатарзонабуда” нуҳ қаламрав - Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Тимори Шарқӣ, Гаити, Либерия, Умон, Руанда ва Аморати муттаҳидаи Араб ворид мегарданд.
Дар рӯйхати “хатарзоҳо” танҳо Ироқ, Афғонистон, Лубнон, Урдун, Покистон, Сурия, Яман ва Миср боқӣ мондаанд.
Вазорати дифои ИМА муайян кардааст, ки дар бисёре аз кишварҳо таҳдидҳои мустақим ба ҷони хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ дар робита ба исёнҳои мардумӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ, терроризм ва ба ин монандҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.
Стив Уоррен, сухангуи Вазорати дифои Амрико гуфтааст, коҳиши феҳрасти “минтақаҳои хатарзо” имкон медиҳад, вазорати мазкур 100 миллион долларро сарфа кунад: “Тақрибан 50 ҳазор хизматчии ҳарбӣ аз маблағи барои “минтақаҳои хатарзо” пешбинишуда камтар мегиранд. Соли 2012 барои хатароти ногузир ҳудуди 500 миллион доллар пардохт кардем”.
Ба омори Пентагон, хизматчиёни ҳарбие, ки дар “навоҳии хатарзо” хизмат мекунанд, рӯзона 7.50 доллар мегиранд.