Боз як номаи қалбакии Бобак Занҷонӣ ва боздошти ёвари ӯ
Баъд аз шаш рӯзи ҳабси Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ёвари аввали ӯ -- Ҳусейн Шерозӣ низ дар дафтари худ дар Теҳрон боздошт гардид. Бар асоси иттилои расонаҳои эронӣ, боздошти Ҳусейн Шерозӣ, ки тайи солҳои охир ба ҳайси сухангӯи Занҷонӣ муаррифӣ мешуд, бо дастури махсуси Қуваи қазоии Эрон сурат гирифтааст.
Аз сӯи дигар, Изаттуллоҳ Юсуфиёнмуло, узви нозири парлумони Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ, аз қалбакӣ сохтани номаи як бонки Русия ба иловаи санади Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод: “Занҷонӣ як номаеро низ аз бонки русӣ қалбакӣ карда буд, то битавонад қарзи худро пардохтшуда нишон диҳад.” Юсуфиёнмулло мегӯяд, фасодкории Занҷонӣ ба ҳадде болост, ки ба назари ӯ ҳатто бо супоридани тамоми моликияту ширкатҳояш дар Эрон наметавонад раҳоӣ ёбад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин узви парлумони Эрон, ҳоло дар қаламрави ин кишвар 30 ширкате фаъолият дорад, ки марбут ба Занҷонӣ мебошад.
ПОЙИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАҲСИ ЗАНҶОНӢ
БЕШ АЗ 2 МИЛЛИАРД ЕВРО ҚАРЗИ ЗАНҶОНӢ
АВТОБУСҲОИ ОСИЁ ЭКСПРЕСС КУҶО ШУД?
Ин мақоми эронӣ мегӯяд, Бобак Занҷонӣ дар ҳоле метавонад, аз маҳбас раҳо ёбад, ки тамоми қарзи худ аз давлати Эронро пардохт кунад. Дар ҳамин ҳол, Ғуломҳусейн Муҳсинии Эжоӣ, сухангӯи қувваи қазоии Эрон, зимни нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, мақомоти кишвараш ба Бобак Занҷонӣ пешниҳод кардаанд, ки барои баргардонидани маблағ аз хориҷ ба дохил аз ҳар имконе метавонад, истифода кунад. Ӯ бар ин аст, ки агар Занҷонӣ тамоми маблағро ба Эрон боз гардонаду нишон диҳад, ки асноди ироакардааш қалбакӣ нест, раванди баррасиии парвандаи миллиардери эронӣ шакли дигар мегирад.
Сухангӯи қувваи қазоии Эрон илова кард, азбаски Бобак Занҷонӣ аз бархе дастгоҳҳои давлатии кишвар маблағи зиёд гирифта бо баъзеи онҳо қарордод ба имзо расонидааст, ин ниҳод маҷбур шуд, вориди ин қазия шавад. Ба қавли Муҳсинии Эжоӣ, ҳоло парвандаи Занҷонӣ аз сӯи Қувваи қазоии Эрон мавриди баррасӣ қарор дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)