Шоири мардумӣ барои нигаронӣ аз сиёсати президент ба “рӯйхати сиёҳ” афтид
Аз декабри соли сипаришуда матбуоти Туркманистон аз нашри эҷодиёти Отамурод Отабоев, нависандаи мардумии ин кишвар даст кашидааст. Дар ин бора торнамои “Хроника Туркменистана” хабар медиҳад.
Далели ин тасмим ба гуфтаи ҳолдонҳо норозигии Отабоев аз сиёсати президент дар мавриди тақдими ҷоизаҳои адабӣ будааст. Гуфта мешавад, ин нависанда нигаронии худро дар ҳалқаи ҳамкоронаш иброз доштааст.
8 октябри соли гузашта дар Аваз маросими бошукуҳи тақдими ҷоизаҳо баргузор шуд ва Ҷоизаи байналмилалии ба номи Махтумқулиро, ки аз маъруфтаринҳост ба Ғазал Шогулиева, вассофи раисҷумҳурони Туркманистон супурданд. Маблағи ҷоиза 10 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Шогулиева, ки қаблан дар шеърҳояш раисиҷумҳури пешини кишвар - Туркманибоширо тавсиф мекард, ҳоло тамоми ашъорашро ба президенти кунунӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бахшидааст. Ба иттилои манбаъ, ин шоира танҳо дар мавриди Бердимуҳаммадов шеър менависаду бас.
Отамурод Отабоевро бештари дӯсторони адабиёт шоири тавоно ва муаллифи нуктасанҷ медонанд. Дар ин маросим ба ӯ ҷоизаи “Асри тилоии Туркманистон” супурда шудааст, ки 1000 доллар маблағ дорад. “Ин ҳолат сабаби дилсардии Отабоев шудааст. Ӯ хеле хуб медонад, ки худи президент интихоб мекунад, ба кӣ, чӣ гуна ҷоиза ё мукофот дода шавад. Ва касе ки ӯро зиёд таъриф кард, ҷоизаи аслиро гирифт”,-навиштааст торнамо.
Ба иттилои “Хроника Туркменистана” ҳарфҳои ин нависанда ва шоир то гӯши раисиҷумҳур расидаанд ва акнун нашри эҷодиёти вай манъ аст.
Ҷоизаи байналмилалии ба номи Махтумқулӣ бори охир 20 сол қабл, дар аҳди Сапармурод Ниёзов тақдим шуда буд. Он вақт Юсуф Озмун барои тарҷумаи шеърҳои Махтумқулӣ ба забони англисӣ ба дарёфти ин ҷоиза мушарраф гардид.