ВИДЕО: Навраси узбакистонӣ бо таронаи Далер Назаров телевизиони Русияро тасхир кард
Ҷурабек Ҷураев, кӯдаки 6-солаи узбак, ки таронаи маъруфи «Чак-чаки борон»-и Далер Назаров, сарояндаи номовари тоҷикро иҷро мекунад, дар як барномаи солинавии шабакаи якуми Русия “Сегодня вечером с Андреем Малаховым” иштирок намуд.
Андрей Малахов, барандаи барнома изҳор дошт, ки Ҷурабек Ҷураевро даъват намудааст, то бо таронаи «Чак-чаки борон» Наргис Зокирова, барандаи дуюми озмуни “Голос”-ро бо соли нав табрик кунад. Ӯ дар хитоб ба Наргис Зокирова гуфт, суруди Ҷӯраев бо забони модарии ӯ садо медиҳад.
Навори видеоии Ҷурабек Ҷураев, ки моҳи июни соли 2013 дар интернет пайдо шуд, ба гуфтаи фиттафурӯшон миёни сокинони Душанбе низ мухлисони зиёд пайдо намудааст.
Ин видео 27-уми июн, дар Ютуб гузошта шуда садҳо ҳазор бинанда пайдо кардааст. Дар шарҳи таронасароии ин кӯдак гуфта мешавад, ки тифл ҳангоми сароидани суруд чор сол дошта ва аз хонаводаи узбак мебошад.
«Чак-чаки борон» аз маъруфтарин таронаҳои Далер Назаров мебошад. Ин таронаро Юлдуз Усмонова, овозхони шинохтаи Узбакистон низ зиёд дӯст медорад ва дар яке аз ҳунарнамоиҳояш дар Душанбе ҳамроҳ бо Далер Назаров онро иҷро карда буд.