Суол аз роҳгузарон: Аз кори парлумон розиед? (ВИДЕО)
Дар пасманзари шикоятҳои зиёд аз фаъолияти парлумони Тоҷикистон, “Озодагон” аз роҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки аз намояндагони мардумӣ киро мешиносанд ва ба кори парлумон чӣ назар доранд?
Гуруҳе аз шаҳрвандон аз изҳори назар атрофи парлумон худдорӣ карда, бархеи дигар чӣ рисолату фаъолият доштани парлумонро намедонистанд. Чанде дигар аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ки парлумони Тоҷикистон хеле фаъол ҳаст. Аммо гуруҳи дигар изҳор доштанд, ки Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз намояндагони як ҳизб ташкил шуда, танҳо бо “ишора”-и президенти Тоҷикистон фаъолият мекунад.