Ҷоми АФК-2014: "Равшан" ҳайати бозигаронашро эълон кард
Тими “Равшан”-и Кӯлоб феҳрасти бозигаронаш барои ширкат дар Ҷоми АФК-2014-ро ба Конфедератсияи футболи Осиё ирсол кардааст.
Дар ин рӯйхат исми 24 футболбоз навишта шудааст, ки миёнашон се лигионер - Мусо Содиқ (Эрон), Гершон Акуффо (Гана) ва Сайриддин Ғаффоров (Узбакистон) низ ҳастанд. Дар асоси муқаррароти Ҷоми АФК то ҳафт рӯзи қабл аз бозии аввал “Равшан” метавонад боз панҷ нафари дигарро пешниҳод созад.
Дархости “Равшан” барои ширкат дар Ҷоми АФК-2014:
Дарвозабонҳо: 1. Рустам Ризоев, 16. Неъматулло Тошев, 30. Баҳодур Шамсов;
Ҳимоятгарон: 2. Далерҷон Тухтасунов, 3. Содиқ Мусо, 4. Алексей Негматов, 5. Одил Иргашев, 12. Ҳасан Рустамов, 23. Саидхони Амрохон, 24. Зарифҷон Рустамов, 26. Абубакр Азимов;
Нимҳимоятгарон: 6. Гершон Акуффо, 7. Сайриддин Ғаффоров, 8. Абдусамад Ҳоҷибаев, 9. Ҳикматулло Расулов, 14. Бахтиёр Ҳасанов, 15. Фаридун Рустамов, 18. Комрон Саидзода, 22. Зокирҷон Абдулхаев, 25. Муҳаммаҷони Ҳасан;
Ҳамлагарон: 11. Давронҷон Тухтасунов, 17. Наврӯз Рустамов, 21. Нуъмонҷон Ҳакимов.
Ҳайати раҳбарикунанда: Зайнулло Соҳибов, президенти клуб, Маҳмадқул Худойбердиев, ноибпрезидент, Дилшод Шарипов, менеҷер, Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббӣ, Маъруф Рустамов, тренери калон, Зайниддин Раҳимов, тренер.
“Равшан”-и Кӯлоб рақобат дар Ҷоми АФК-2014-ро аз даври плей-офф оғоз мекунад. 2 феврал дар нахустин дидор бо “Ал-Ярмук”-и Яман бозӣ мекунад. Ин қувваозмоӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ғолиби ин дидор ҳаққи идомаи рақобат дар даври гуруҳии гуруҳи “А”-ро пайдо мекунад.