Муфаттиши Оҷонсии фасод ифтитоҳи парванда алайҳи Миниқуловро рад кард
Одинаев Амрияздон, муфаттиши раёсати Оҷонсии зидди фасод дар Душанбе иттилои қаблан паҳнкардаи ин ниҳодро дар мавриди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи масъули Академияи улуми Тоҷикистон, Миниқулов Насриддин Худойбердиевич, беасос хонд.
Одинаев, имрӯз, 6-уми январ бо “Озодагон” дар тамос шуда, изҳор дошт, ки баъди тафтиши маводи санҷишӣ алайҳи Миниқулов барои оғози парванда алайҳи ӯ асос пайдо нашуд.
Худи Миниқулов Насриддин низ ба “Озодагон” номаи расмии раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанберо пешниҳод кард, ки дар он ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ба далели набудани ҳаракатҳои ҷиноӣ дар фаъолияташ рад шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар сомонаи расмияш хабар дод, ки алайҳи мудири гурӯҳи ситораҳои тағйирёбандаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон, Миниқулов Насриддин Худойбердиевич парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. Ин ниҳод иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ва санҷиши кор дар Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон муайян карда шуд, ки дар давраи солҳои 2011-2013 Миниқулов Насриддин Худойбердиевич аз ваколатҳои мансабии худ суистифода намуда, маблағҳои барои таъмири Расадхонаҳои ноҳияҳои Данғара ва Ҳисор вобасташударо, ки 108 ҳазору 432,8 сомониро ташкил медиҳад, азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Оҷонсии фасод дар сомонааш таъкид карда буд, ки парванда алайҳи Миниқулов моҳи ноябри соли 2013 оғоз гардида, айни ҳол мавриди тафтиш қарор дорад.
Дар акс: Миниқулов Насриддин