АКСУ ВИДЕО: Эътирози муштариёни “7 бурҷ” дар Душанбе
Даҳҳо нафар муштариёни ширкати “7 бурҷ” имрӯз 6 январ, бо нишони эътироз дар дафтари ин ширкат дар Душанбе гирдиҳам омада, аз роҳбарияти он талаб доранд, то маблағҳояшонро ҳар чӣ зудтар бозпас диҳанд.
Гирдиҳамомадагон аз дастнорас будани роҳбарияти болоии ширкат интиқод намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз низ барои мулоқот бо онҳо кормандони поёнии ширкат ҳозир шуда, чун пештара фақат ваъда медиҳанду халос.
Ибодат Ҳакимова, як муштарии ширкати мазкур дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, 13 апрели соли 2013, 9 ҳазору 300 доллар ба ин ширкат дода буд ва чанд моҳ мешавад барои гирифтани пулоҳояш кушиш дорад, вале бенатиҷа: “Давоми ин вақт ҳамагӣ ду моҳ фоида гирифтаму халос, доим ба мо ваъда медиҳанд, ки пулҳоятонро бармегардонем, лекин ҳеҷ не, маблағҳоямонро гирем”.
Ҷумъа Нормуродов, яке аз муштриёни дигари ин ширкат ҳам мегуяд, ҳудуди 7 моҳ боз барои гирифтани беш аз ҳазор доллараш сарсону саргардон аст, вале то ҳол маълум не ки пулашро кай бармегардонанд: “Ман муйсафеди нафақахӯр ин миқдор пулро дигар аз куҷо меёбам. Шояд дар назари дигарҳо ин пул ночиз намояд, барои ман хеле пул аст”.
Фаъолияти ширкати “7 бурҷ” соли гузаштаи 2013 бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон ба далели фиребкорӣ қатъ шуда, ҳазорҳо муштарии онро саргардон кардааст. Ин ширкат дар Тоҷикистон аз аввали соли 2011-ум ба фаъолият оғоз намуда, беш аз 5 ҳазор муштарӣ ҷамъ намудааст. Ба ин ширкат шаҳрвандон баъди ба имзо расондани шартнома ва пардохти маблағи 130, 260, 500, 2000 ё 9000 доллар ворид мегардиданд. Онҳо шаҳрвандони дигарро низ ба ин ширкат ҷалб месохтанд ва аз маблағи воридшуда даромади муайяне ба даст меоварданд.
Дар ҳамин ҳол роҳбарияти ширкати “7 Бурҷ” “пирамида” будани ин корхонаро рад намуда, фаъолияташро ҳам барои давлат ва ҳам барои шаҳрвандон муфид хонд. Як масъули ин ширкат гуфт, аз болои қарор дар болои қатъи фаъолияти “7 бурҷ” ба Додгоҳи иқтисодии Душанбе шикояти касатсионӣ бурдаанд.