Таъини раиси нави МТС ва мансабгирии Дилшод Назаров
Худойбердӣ Холиқназаров, ки то ҳол муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон буд, бо фармони президент ба ҷои Бобохон Маҳмадов раиси ин Марказ таъин гардидааст. Холиқназаров аз ҳисоби ҳиссаи 30 дарсадии мухолифин вориди ҳукумат шуда, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Тавре манбаи “Озодагон” иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни тағйироти кадрии нав ба Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик низ мансаб дода, ӯро муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар таъин намудааст.
Инчунин ба иттилои манбаъ Навруз Ҷаъфаров, ки то ҳол масъули Маркази эпидемиологии Тоҷикистон буд, ба ҷои Азам Мирзоев, сардухтури санитарии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини вазири тандурустии кишвар таъин гардидааст.
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон мансабдорҳои тозатаъинро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба хидмати софдилона ба миллату давлат даъват намуд.