Бишкек шаҳрдори нав интихоб мекунад
Қабули асноди номзадҳо ба мақоми мири шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон шоми 8 январ анҷом меёбад. Дар ин бора Ҳайрат Мамадов, раиси комиссияи минтақавии интихоботии Бишкек ба АКИpress хабар додааст.
Интихоботи шаҳрдори Бишкек 15 январи соли 2014 баргузор мешавад. Ҳаққи пешбарии номзад ба ин симматро фраксияҳо, эътилофи фраксияҳои вакилони шаҳрӣ ва нахуствазир дорад.
Дар ҳоли ҳозир танҳо фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон расман номзадии Қубаничбек Қулматовро пешниҳод кардаст.
Бино ба иттилои Комиссияи минтақавии интихоботии Бишкек (КМИБ) Қулматов феълан барои супурдани имтиҳон аз забони давлатӣ омодагӣ мебинад. КМИБ барои муайян кардани сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо Комиссия оид ба забони интихоботи шаҳрдори Бишкекро таъсис додааст. Номзад муваззаф аст, давоми на бештар аз 10 дақиқа нуктаҳои аслии барномаи пешазинтихоботии худро шифоҳӣ ва хаттӣ бо забони давлатӣ баён карда, матни чопии иборат аз се саҳифаро қироат намояд.