“Додрас барои ҳукми сабук 4 ҳазор $ хостааст”
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ришваситонӣ муттаҳам мекунад.
Ба иттилои ин ниҳод додрас Рофиев Дилшод Ҳакимович ба утоқи кории худ шаҳрванд Пулатов С.-ро, ки нисбаташ барои вайронкунии қонунгузории меҳнат парванда ҷой доштааст, даъват карда, аз ӯ барои сабук намудани ҷазо дар аввал 4000 доллари амрикоӣ талаб намуда, зимни сӯҳбат ба маблағи 2500 доллар қонеъ мегардад.
Манбаъ мегӯяд, сипас Рофиев аз маблағи талабнамудааш ба воситаи миёнарав Усмонов Алишер 1000 доллари ИМА-ро гирифта, боз маблағи 500 доллари дигар талаб менамояд.
Оҷонсии зидди фасод афзуд, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Рофиев ҳангоми гирифтани 500 доллар ба воситаи миёнарав - котиби маҷлиси судӣ Ҷумаев Муъмин, дастгир карда шуда, далелҳои шайъи ёфта мусодира гардиданд.
Ин ниҳод мегӯяд нисбати додрас Рофиев ба иттиҳоми ришваситонӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.