Умаров. Аз ятимӣ то муҳоҷирату марг дар сӯхтор
Наздикони Илҳомҷон Умаров, яке аз панҷ узви хонаводаи фавтида дар сӯхтори Маскав, мегӯянд, марҳум ҳудуди 20 рӯз мешавад, ки ба хотири пайдо кардани маблағ барои бунёди сарпаноҳ барои ду фарзанду ҳамсараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд.
Саидҳомид Ҷумаев, яке аз наздикони оилаи Умаровҳо рӯзи 6-уми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Илҳомҷон ҳамроҳи бародари хурдиаш Ҷамшеди 27-сола, келинаш -Иззатбӣ Ҳакимова ва ду ҷияни хурдсолаш дар шаҳри Маскав ба ҳайси муҳоҷир ба сар мебурданд.
Ба гуфтаи Ҷумаев, Умаровҳо дар оила 8 фарзанд-се писар ва 5 духтар мебошанд, ки дар синни кӯдакӣ аз падар маҳрум шуда, зери тарбияи модар, ки фаррошӣ мекард, ба воя расидаанд. Ӯ мегӯяд, Умаровҳо ҳама ба ҷуз як хоҳари маъюби 30-солаашон соҳиби оила ва фарзанд мебошанд: “Модари онҳо низ тақрибан 10 соли қабл, аз олам даргузашт.”
Мусоҳиби мо мегӯяд, Илҳомҷон ҳамроҳи бародари хурдӣ ва як хоҳари маъюбаш дар хонаи волидайн ба сар мебурданд ва хост ин манзилро ба Ҷамшед ҳамчун мероси падар диҳаду, барои худ ва ду фарзанду ҳамсари ҳомилааш паноҳгоҳе пайдо кунад: “Аз ин рӯ, 18 рӯз мешавад, кишварро ба мақсади Русия тарк карда, ба назди бародараш Ҷамшед барои муҳоҷират сафар кард.”
Аммо рӯзи 4-уми январи соли ҷорӣ дар наздикии шаҳри Маскав 5 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамагӣ узви хонаводаи Умаровҳо мебошанд, ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои масъулини Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ин муҳоҷирони фавтидаи тоҷик, Илҳомҷон Умарови 29-сола, Ҷамшед Умарови 27-сола ва ҳамсари ӯ Иззатбӣ Ҳакимова бо ду фарзандаш, ки яке чормоҳ ва дигарӣ 4-сол дошт, сокинони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мебошанд.
Фавти шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари оташсӯзӣ дар қаламрави Русия бори аввал нест, шоми 4 декабри соли гузашта низ дар маҳаллаи Красногорски вилояти Маскав се муҳоҷири тоҷик ҷон бохта буданд.