Муъминов бо дастгирии Раҳмон қуллаҳои навро тасхир мекунад
Фарҳод Муъминов, варзишгари тоҷик бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мусобиқаи ҷаҳонии кӯҳнавардӣ иштирок хоҳад кард.
Муъминов имрӯз, 6-уми январ, дар суҳбат ба “Озодагон” афзуд, ки бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имкон пайдо кардаст, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонии куҳнавардон иштирок кунад. Ӯ гуфт айни ҳол барои иштирок дар экспедитсияи навбатӣ дар Федератсияи Русия ба тамрин машғул мебошад: “Экспедитсияи навбатии байналмилалӣ аз 8-уми январи соли ҷорӣ оғоз гардида, дар давлатҳои Туркия, Африқо, Танзания ва Кения баргузор мегардад.”
Фарҳод Муъминов соли гузашта дар муддати яку ним моҳ ба қуллаи баландтарини Аврупо бо номи Элбрус, ки баландияш 5 ҳазору 642 метр аст ва ҳамчунин ба яке аз қуллаҳои баландтарин дар ҷаҳон, қуллаи Ленин, ки ҳоло номи Абуалӣ Синоро гирифта 7 ҳазору 134 метр баландӣ дорад, баромадааст.