Вокуниши Кумитаи дин ба навори “Днюхаи Зулайхо” (ВИДЕО)
Кумитаи дини Тоҷикистон навори ”днюхаи Зулайхо”, ки ахиран дар шабакаи интернет ҳамчун таҷлили бошукуҳи рӯзи мавлуди овозхон Зулайхо Маҳмадшоева муаррифӣ гардид, мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод дар пайи хабари “Озодагон” Зулайхо Маҳмадшоева ба Кумита даъват шуда, баёнот додааст, ки дар навор на рӯзи мавлуд балки муаррифии нахустин албомаш сабт шудааст, ки 9-уми сентябри соли 2013 баргузор гардид.
Бо вуҷуд Кумитаи дин таъкид мекунад, ки дар ин навор нишонаҳои нақзи қонун дар бораи танзими расму оин ба мушоҳида мерасад, ки мавриди тахқиқ қарор хоҳанд гирифт: “Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита масъалаи мазкурро пайгирӣ намуда, дар сурати тасдиқ шудани далели қонуншиканӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҷиҳати чораандешӣ ба суд ирсол менамояд”.
Ин дар ҳолест, ки навори Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷик, ки 30 декабр зери унвони “днюхаи Зулайхо” дар шабакаи Интернет пахш гардид, баҳси зиёдеро ба бор оварда буд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бо ишора ба шукуҳ ва меҳмонони зиёд дар таҷлили рӯзи мавлуди Маҳмадшоева аз он шикоят доштанд, ки зимни татбиқи қонуни танзими расму оин дар кишвар тафриқаандозӣ мешавад.
Ба навиштаи бархе аз корбарон, қонунҳо дар кишвар танҳо ба мардуми нодор тааллуқ доранд ва дар ҳоле ки мардуми одӣ барои чанд меҳмони барзиёд дар тӯйи арӯсӣ муҷозот мешаванд, афроди алоҳида тариқи оммавӣ исрофкорию худнамоӣ мекунанд. Интиқоди шадид махсус ба кори масъулини танзими расму оин нигаронда шудааст, ки монеи исрофкорию худнамоиҳои афроди алоҳида намешаванд.
Зулайхо Маҳмадшоева аз шогирдони Манижа Давлатова гуфта мешавад, ки бо тақлид ба садои Манижа вориди саҳна шуда, зуд маъруф гардид. Ҳоло шеваи хонандагии худро дорад, ки намунааш таронаҳои “Кабутар” ва “Дили девона”-анд.