Иди қурутоб: Ҷавоби тоҷикон ба “Орел и Решка” (ВИДЕО)
Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия охири ҳафтаи гузашта дар посух ба барномаи “Орел и Решка”, ки таоми миллии тоҷикон, - “қурутоб”-ро дар зовияи манфӣ намоиш додааст, Иди Қурутоб ташкил намудаанд.
Иззат Амон, роҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия мегӯяд, “Иди Қурутоб” ҷавоб ба барномаи украинии “Орел и Решка” мебошад, ки барандаҳои он каме ба таҳқири тоҷикон роҳ додаанд: “Ҳадафи мо ҳам аз баргузор кардани ҷашн ин аст, ки ба мардум фаҳмонем қурутоб як таоми миллӣ аст ва аз пасмондаҳои дигар ғизо омода намешавад”.