Боздошти муовини директори Театри ба номи Лоҳутӣ
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор Муртазо Нуруллоеви 69 соларо боздошт кардаанд, ки гуфта мешавад, дар вазифаи муовини директори Театри давлатии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ кор мекардааст.
Гузоришгари КДАМТ дар гузорише, ки тариқи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, гуфт, қабл аз Муртазо Нуруллоев ду шарики ӯро дастгир кардаанд: “Дар натиҷаи як амалиёти кормандони КДАМТ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар кӯчаи Қаротегини пойтахт Рӯзимурод Рабиев, соли таваллудаш 1961, ронандаи таксӣ ва Сафаралӣ Азизов, соли таваллудаш 1964 боздошт шуданд”.
Ба иттилои манбаъ, аз онҳо бештар аз шаш кило афюн ёфтаву мусодира шуда ва зимни азназаргузарони мошини Рабиев аз дохили он боз зиёда аз 11 кило маводи нашъадори дигар пайдо гардидааст.
Дар гузориш гуфта шуд, ки “ҳамчунин дар идомаи амалиёт гумонбари сеюм Муртазо Нурулоев, соли таваллудаш 1944, муовини директори Театри давлатии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ боздошт гардид”.
Сарчашмаи хабар афзуд, Рӯзимурод Рабиев дар соли 2002 барои 20 сол равонаи зиндон шуда ва баъди 11 сол дар асоси қонуни афв раҳо шудааст. Муртазо Нуруллоев бошад, соли 2005 бо як кило маводи мухаддир дастгир ва 8 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Аммо соли 2008 дар пояи қонуни афв ба озодӣ баромадааст.
Худи Муртазо дар ин гузориши телевизионӣ гуфт, ки “дар маҳбас бо як шаҳрванди Афғонистон шинос шудам. Ӯ занг зада гуфт, ки каме афюн фиристодам рафта аз пеши бозори Саховат аз дасти як ношиносе мегирӣ. Рафта он мардро ёфта афюнро гирифтам”.
“Ин ҷо суоле посух мехоҳад, Нуруллоев Мутразо, ки соли 2005 бо қарори мақомоти судӣ ба муҳлати 8 сол маҳкум гардида, се сол дар маҳбас адои ҷазо намудааст, чӣ тавр ба симмати муовини директори яке маъруфтарин муассисаҳои фарҳангии кишвар таъин карда шуда, аснои боздошти навбатияш дар ин вазифа қарор дошт”,-афзуд шореҳи КДАМТ.