Нигаронии муфтӣ аз "хасисӣ"-и сарватмандон дар мавриди закот
Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз бетаваҷҷуҳии сарватмандон ба адои закот изҳори нигаронӣ кард.
Абдулқодирзода рӯзи 3-юми январ зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, агар ҳамаи шахсони сарватманд закоти моли худро диҳанд, дар рӯи замин ҳеч шахси гуруснае нахоҳад монд.
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар аз суханони Паёмбар (с) иқтибос оварда, таъкид кард, ки сабаби ин ҳама ниёзмандӣ ва гуруснагии оилаҳои камбизоат дар ҷомеа бетаваҷҷуҳии сарватмандон мебошад: “Агар ин сарватмандон миллиарду триллиард ҷамъ накунанд ё кунанду закоти молро ба фақирон диҳанд, ҳеч камбизоате аз нодорӣ танқисӣ намекашад.”
Закот яке аз панҷ рукни дини мубини Ислом ба шумор меравад, ки адои он барои ҳар фарди сарватманд фарз маҳсуб мешавад. Бар асоси қарори ахири Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз 14 ҳазор сомонӣ /$ 3000/ 350 сомонӣ /$ 75/ закот муқаррар гардидааст.
Маркази таҳқиқотии Pew моҳи августи соли ҷорӣ дар пайи як назарпурсии худ миёни сокинони Тоҷикистон эълон дошт, ки 66%-и назардиҳандагон гуфтаанд, закот медиҳанд.