Амалиёти махсуси “солинавӣ” алайҳи қочоқбарон
Агентии назорати маводи нашъаовар муштаракан бо Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон як амалиёти махсуси "солинавӣ" гузаронида, як гуруҳи қочоқбарони афғонро ошкор кардаанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар қочоқбарон дар ҷавоб ба фармони супоридани силоҳ оташ кушоданд: “Дар натиҷаи тирпарронӣ яке аз саркардагони гурӯҳи қочқбар кушта шуд. Қочоқбарони боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба каламрави давлати ҳамсоя фирор намуданд. Аз ҷои ҳодиса 20 кило ҳашиш мусодира шудааст.”
Ба иттилои манбаъ амалиёт алайҳи қочоқбарон дар Душанбею вилояти Суғд идома ёфта, дар марҳилаи ниҳоӣ дар шимоли Тоҷикистон ташкилкунандаи гурӯҳи ҷиноӣ – сокини 50-солаи Тоҷикистон боздошт гардид.
Агентии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ ва ҷустуҷӯӣ барои муайян ва ошкор намудани шарикони дигари ҷиноятҳо давом доранд.