Куштори як тоҷики мевафурӯш дар рӯзи таҷлили Соли Нав
Мақомоти пулиси Русия аз куштори як муҳоҷири тоҷик хабар доданд, ки рӯзи таҷлили Соли Нав дар дӯкони мевафурӯшияш паронда шудааст.
Тибқи иттилоияе, ки Кумитаи тафтишотии Русия паҳн кардааст, аз ин куштор мақомоти пулис соати 19:00-и рӯзи 2-юми январ огоҳ ёфта, фавран ба ҷои ҳодиса муфаттишонро равон кардааст. Ба иттилои манбаъ ин муҳоҷири 29-солаи тоҷик дар кӯчаи Токмакови Чита машғули мевафурӯшӣ будааст: “Қотилон вориди дӯкон шуда, ба бадани ин муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла ба сараш тир холӣ кардаанд. Дар натиҷа ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодисаи куштор парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти он идома дорад.