Ҷашни таваллуди Зулайхо ва баҳси риоя нашудани танзим (ВИДЕО)
Навори таҷлили бошукуҳи мавлуди Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷик, ки 30 декабр зери унвони “днюхаи Зулайхо” дар шабакаи Интернет пахш гардид, баҳси зиёдеро ба бор овард.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бо ишора ба шукуҳ ва меҳмонони зиёд дар таҷлили рӯзи мавлуди Маҳмадшоева аз он шикоят доранд, ки зимни татбиқи қонуни танзими расму оин дар кишвар тафриқаандозӣ мешавад.
Ба навиштаи бархе аз корбарон, қонунҳо дар кишвар танҳо ба мардуми нодор тааллуқ доранд ва дар ҳоле ки мардуми одӣ барои чанд меҳмони барзиёд дар тӯйи арӯсӣ муҷозот мешаванд, афроди алоҳида тариқи оммавӣ исрофкорию худнамоӣ мекунанд. Интиқоди шадид махсус ба кори масъулини танзими расму оин нигаронда шудааст, ки монеи исрофкорию худнамоиҳои афроди алоҳида намешаванд.
Зулайхо Маҳмадшоева аз шогирдони Манижа Давлатова гуфта мешавад, ки бо тақлид ба садои Манижа вориди саҳна шуда, зуд маъруф гардид. Ҳоло шеваи хонандагии худро дорад, ки намунааш таронаҳои “Кабутар” ва “Дили девона”-анд.