Камтарин музди меҳнат дар ИДМ-ро Тоҷикистон медодааст
Камтарин музди меҳнат дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақид ё СНГ дар Тоҷикистон будааст. Дар ин бора хабаргузории “NewTimes.kz” бо такя ба маълумоти Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон 752,44 сомонӣ, ки муодили 158 доллари амрикост моҳона мегиранд. Хабаргузорӣ менависад, баландтарин музди меҳнат дар Русия мебошад, ки 30 069 рубл ва ё 922 долларро ташкил медиҳад. Дар зинаи дуюм Қазоқистон бо 105 948 танга, муодили 689 доллар қарор дорад.
Музди меҳнат дар Белорус 5 477 569 рубли белорусӣ ($575), Озарбойҷон 426,7 манат ($545), Украина 3 283 гривни ($399), Арманистон 151 117 драм ($373) ва Молдов 3 785,4 лей ($290) будааст.
Қирғизистон, ки дар қиёс ба Тоҷикистон 73 доллар бештар моҳона медодааст, дар ин феҳраст низ пеш аз Тоҷикистон қарор дорад. “NewTimes.kz” моҳонаи шаҳрвандони ин кишварро 11 374 сом ё 231 доллар гуфтааст. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)