Бузургтарин масҷиди Узбакистон дар Тошканд бунёд мешавад
Дар соҳили наҳри Анҳори шаҳри Тошканд сохтмони бузургтарин масҷид идома дорад.
Бино ба иттилои торнамои “Узнюс. нет” корҳои сохтмонии ин масҷид моҳи сентябр оғоз шуда ва он босуръат идома дорад. Аммо манбаъ меафзояд, ки хабарҳо дар мавриди он ки ин масҷид бузургтарин ибодатгоҳи мусалмонҳо дар дар Осиёи Марказӣ аст, тасдиқи худро наёфт. Он танҳо барои 2 400 нафар намозгузор пешбинӣ шудааст.
Дар ҳоли ҳозир бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ “Ҳазрати Султон” дар Остона аст, ки дар як вақт панҷ ҳазор ибодаткунанда метавонанд намоз гузоранд.
Зери қарор дар мавриди бунёди масҷиди бузургтарини Узбакистон моҳи июли соли 2013 президент Ислом Каримов имзо гузошт.
Сохтмони масҷид аз ҳисоби буҷаи давлат ва Ҷамъиятҳои мусалмонҳои Узбакистон маблағгузорӣ мешавад.
“Узнюс.нет” навишта, ки тибқи бархе сару садоҳо дар бунёди ин масҷид олигархи рус Алишер Усмонов даст дорад. Қарор аст, корҳои сохтмонӣ то 1 ноябри соли 2014 анҷом ёбад.
Дар акс: тарҳи масҷиди калонтарини Узбакистон