Раҳмон таркиши Волгоградро маҳкум карда, ҷаҳониёнро ба мубориза хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамлаи террористӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Волгоградро, ки талафоти ҷонӣ ба бор овардааст, маҳкум карда, азмашро барои мубориза бо чунин зуҳуроти ғайриинсонӣ таъкид намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як паём ба Владимир Путин, президенти Русия ба наздикони кушташудагон изҳори ҳамдардӣ карда, барои маҷруҳон шифои комил хостааст.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон азми Тоҷикистонро барои мубориза бо терроризм изҳор дошта, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, мубориза бо чунин зуҳуротро шиддат бахшанд.
Ин дар ҳолест, ки таркиши нимирӯзи якшанбеи 29 декабр дар истгоҳи роҳи оҳани Волгоград ҳудуди 18 кушта бар ҷой гузоштааст. Миёни кушташудагон номи шаҳрванди 54-солаи Тоҷикистон-Тошпулод Назаров низ зикр шудааст. Бино ба рӯйхате, ки мақомоти Волгогради Русия интишор доданд, дар пайи ин таркиш беш аз 30 тан ҳам захмӣ шуда, ҳоло бистариянд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар таркиши якуми 29 декабр дар шаҳри Волгоград Раҳмоналӣ Ғозиев (соли таваллуд -- 25 марти соли 1971) ҷароҳат бардошта, дар бемористони ёрии таъҷилии рақами 25-и ин шаҳр бистарист. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)