Қосимов: “Хабари таҷаммӯъ дар назди Додгоҳи олӣ иғво асту бас!”
Гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ки раҳбарияшро соҳибкор Зайд Саидов бар ӯҳда дораду ахиран ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, хабари таҷаммӯи дӯстону тарафдорони ӯ дар назди Додгоҳи олиро иғво донистанд. Рӯзҳои охир дар Фейсбук иттилое давр мезанад, ки гӯиё субҳи 30 декабр, замоне ки вакилони мудофеи Зайд Саидов аз болои ҳукми додрас Шавкат Абдулхайров ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд, тарафдорони ӯ гирди ҳам хоҳанд омад.
Аммо Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари зиндонии гурӯҳи ташаббускори таъсиси Тоҷикистони нав пахши ҳамагуна эълон дар бораи таҷаммӯъро кори манфиатхоҳон донист. Ӯ гуфт, “ин заррае воқеият надорад. Намедонам, ин пахши эълон аз тарафи кӣ ва ё киҳо сарчашма мегирад. Ин амал берун аз доираи қонунгузорӣ аст. Аз ин хотир, дар ҳама сӯҳбатҳо аз тарафдорон ва аъзои гурӯҳи Тоҷикистони нав даъват мекунам, то ба ҳар амали иғво дода нашаванд."
Номбурда мегӯяд, аъзои расмии гурӯҳи ташаббускори Тоҷикистони нав ҳеч рабте барои паҳни чунин эълон надоранд. Ба гуфтаи Қосимов, ҳоло шояд гурӯҳе пайдо шудааст, ки аз ин моҷаро манфиати худро меҷӯяд. "Барои чӣ 30 декабр ва соати 9:00 бояд дар назди Додгоҳи олӣ ҷамъ мешаванд? Дар баъзе ҷойҳо ишора кардаанд, ки ҳамон рӯз вакилони дифои Зайд Саидов ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд. Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки ин муроҷиатномаи вакилон соати 9 сурат мегирад? Шояд вакилон дар ин соат муроҷиат накунанд. Ин тамоман номаълум аст",-афзуд ӯ.
Маҳмудҷон Қосимов мегӯяд, ҳоло ҳатто мақомот аз онҳо мепурсанд, ки ин "иқдом" аз тарафи кӣ гирифта шудааст. Оқои Қосимов афзуд, аз тарафдорон ва ғамшарикони Зайд Саидов талаб дорад, то ба ҳар гуна иқдоми иғвоангезона дода нашаванд. Ба гуфтаи номбурда, агар аз тарафи гурӯҳи Тоҷикистони нав иқдоме ҳам сурат бигирад, пас, он танҳо дар доираи қонун хоҳад буд ва он вақт расман иттилоъ пахш хоҳанд кард.
Баъд аз эълони 26 сол зиндони Зайд Саидов, вакилонаш гуфта буданд, ки 30 декабр ба Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳори умед карда буд, ки марҳилаи кассатсионӣ далелҳои муътамади бегуноҳии Зайд Саидовро ба назар гирифта, ӯро сафед хоҳад кард. “Ҳарчанд дар марҳилаи аввали додгоҳӣ мо бегуноҳии Зайд Саидовро исбот кардем, аммо додгоҳ онро ба назар нагирифт. Умед дорем, дар марҳилаи кассатсионӣ Зайд Саидов бегуноҳ эълон хоҳад шуд”,-изҳор дошта буд Қудратов. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)