Захмӣ шудани Раҳмоналӣ Ғозиев дар таркиши Волгоград (ВИДЕО)
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар таркиши рӯзи 29 декабр дар шаҳри Волгоград Раҳмоналӣ Ғозиев (соли таваллуд -- 25 марти соли 1971) ҷароҳат бардошта, дар бемористони ёрии таъҷилии рақами 25-и ин шаҳр бистарист.
Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорат ба “Озодагон” гуфт, ҳарчанд ин шаҳрванди захмии Тоҷикистон аз ҳолати беҳушӣ берун омада, аммо вазъаш вазнин арзёбӣ мешавад. Эдуард Пономарев, мудири шӯъбаи ҷарроҳии бемористон, дар сӯҳбат ба оқои Эгамзод гуфтааст, бештар косахонаи сар ва дасту пойи Раҳмоналӣ Ғозиев ҷароҳат дидааст. “Ҷароҳати сари бемор нигаронкунанда аст”,-гуфтааст Пономарев.
Дар идома Муҳаммади Эгамзод гуфт, “дар рӯйхате, ки мақомоти рус нашр кардаанд, ному насаби ҳамдиёри мо иштибоҳан - Гордеев Рахмун Али - 1971 омадааст. Сафири кишвар ҷараёни ин ҳодисаи хунин ва вазъи ҳамдиёри моро шахсан таҳти назорат гирифтааст. Хадамоти консулгарии сафорат дар тӯли имрӯз ва то фардо субҳ, ки умед аст, вазъи шаҳрванди мо беҳтар шавад, бо мақомоти дахлдор ва бемористон дар тамос хоҳад буд.”
Таркише, ки нимирӯзи якшанбеи 29 декабр дар беруни истгоҳи роҳи оҳани Волгоград рух дод, 15 кушта бар ҷой гузоштааст. Бино ба рӯйхате, ки мақомоти Волгогради Русия интишор доданд, дар пайи ин таркиш беш аз 30 тан ҳам захмӣ шуда, ҳоло бистариянд.
Ин таркиши дувум дар як моҳи охир дар шаҳри Волгогради Русия мебошад. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, бино бар иттилои пешакӣ ё муқаддамотӣ зани худкуше таркишро анҷом додааст, ки натавониста вориди толори интизории истгоҳи роҳи оҳан бишавад. Вагарна, ба қавли Владимир Маркин, раҳбари гуруҳи тафтишотӣ, дар сурати дар дохили вокзал рух додани ин таркиш теъдоди қурбониён хеле бештар мешуд. Зеро ба гуфтаи ӯ дар дохил теъдоди зиёди одамон мунтазири қаторҳо нишаста буданд.
Ин навори видео аз дурбини назоратист, ки лаҳзаи таркишро сабт карда: Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)