Номаи эътирозии Душанбе дар робита ба қатли Раҳматшоев
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди қатли ваҳшиёнаи як шаҳрванди кишвар дар Маскав ба унвони сафорати Русия дар Душанбе нотаи эътирозӣ фиристодааст. Ин табааи 32-солаи тоҷик, ки аз ӯ Шоҳҷон Раҳматшоев ном бурда мешавад, рӯзи 26 декабр дар минтақаи ҷанубу ғарби шаҳри Маскав ба таври ваҳшиёна кушта шуда буд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ин нотаи эътирозӣ ё худ ёддошт рӯзи 28 декабр ба унвони Сафорати Русия дар Душанбе фиристода шуда, дар он аз мақомоти Кремл таҳқиқи мӯшикофона ва фаврии қатли Раҳматшоев ва муҷозоти дастандаркорон қотеона талаб карда шудааст.
Инчунин дар ин ёддошт омадааст, “ҷониби Тоҷикистон аз матолиби ахири бархе аз расонаҳои хабарии Русия, ки ангезаи миллатгароӣ дошта, як қисмати аҳолиро ба ин чиз таҳрик медиҳад, сахт нигарнон мебошад”. Дар нотаи эътирозии ҷониби Тоҷикистон ба мақомоти Кремл низ изҳороти бархе аз мансабдорони рус, ки ба миллатгароӣ равона месозад, ишора шудааст.
Ҷасади Шоҳҷон Раҳматшоев шоми 26 ба 27 декабри соли ҷорӣ дар минтақаи ҷанубу ғарбии шаҳри Маскав пайдо гардид, ки сар аз тан ҷудо буда, дар баданаш беш аз захми 25 корд дида мешуд. Аксҳо аз торнамои LifeNews Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)