Номаи Нуриддин Саидов ба раҳбарони муассисаҳои таълимӣ
Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, бо ирсоли як нома ба роҳбарони муассисаҳои таълимии кишвар ташкил намудани зиёфату шабнишиниҳо дар робита ба Соли нави мелодиро қатъиян мамнӯъ донистааст. Вай, инчунин, хостааст, аз истифодаи ҳама гуна маводи пиротехникӣ, харидории ҳадяву харҷи беҳуда худдорӣ бишавад.
Дар ин номаи оқои Саидов гуфта шудааст, таҷлили Соли нав аз 25 декабр оғоз гардида, то 31 ҳамин моҳ идома хоҳад дошт. Дар идома таъкид шудааст, ки “ҳангоми чорабиниҳо буридани шохи арчаи табиӣ манъ буда, гузарондани чорабиниҳои солинавӣ то соати 15 аз рӯи сенарияи тасдиқшудаи роҳбари муассисаи таълимӣ гузаронда шавад.”
Вазири маориф ва илм дастур додааст, рӯзи 1 январи соли 2014 бо ҳадафи риояи тартибу низом бо роҳбарии шахсони масъул навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардад. “Дар Соли нави мелодӣ баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, шеърхонӣ, озмунҳои рассом, хонандаи беҳтарин, мусобиқаҳои футболи хурд, баскетбол, гӯштигирӣ, бокс, таъсиси газетаи деворӣ ва ғайра иҷозат дода мешавад”,-омадааст дар номаи вазир Нуриддин Саидов.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)