Дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани сӯхтор маълум нест. Сабаби эҳтимолии сар задани сӯхтор беэҳтиётӣ дар мавриди истифода аз қувваи барқ гуфта мешавад.
Оташсӯзӣ дар худи бозори “Корвон” ҳодисаи аввали ба коми оташ фурӯ рафтани бозору фурӯшгоҳҳо дар пойтахт нест. Қаблан, бозори «Саховат» ва бозорҳои “Шоҳмансур» ва маркази тиҷории «Наргис» дар Душанбе, дучори ҳодисаҳои мушобеҳ шуда буданд. Маврид ба тазаккур аст, ки оташсӯзӣ дар «Корвон» ҳудуди 4 маротиба дар ду соли ахир ба қайд гирифта шудааст. Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд. {jathumbnail off}