Абдулқодирзода гуфт, аз соли 2014 “тағобозӣ” кам мешавад
Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз ифтитоҳи “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) дар кишвар истиқбол карда, нақши онро дар тарбияи кадрҳои болаёқат калидӣ хонд.
Раиси Шӯрои уламо рӯзи 27 декабр дар намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, ифтитоҳи Маркази миллии тестӣ боиси коҳиши “тағобозӣ” мешавад. Ӯ гуфт, ин марказ ҷавононро боз ҳам бомасъулияттар мекунад, чун дар он ҷо “тағобозӣ” дигар нест.
Ба қавли Абдулқодирзода, Маркази миллии тестӣ дар тарбияи кадрҳои ҳирфаӣ калидӣ мебошад:“Аз ин ба баъд, ҷавонон бештар меҳнат мекунанд, вақте меҳнат бештар шуд, беҳтарин кадрҳо ба вуҷуд меоянд.”
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран ифтитоҳи ММТ-ро “қадами муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф” номида, таъкид дошт, ки “минбаъд бояд тамоми намуди имтиҳонҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба таври электронӣ ва шаффофу одилона ба роҳ монда шавад”.