Зоиров аз нақшаҳои нави Эътилоф барои демократия хабар дод
Раёсати Эътилоф, “Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”зимни як ҷаласа фаъолияти ин созмонро, ки 25-уми майи соли 2013 таъсис ёфтааст, ғайриқаноатбахш хонд.
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, рӯзи 26-уми декабр, дар ҷаласа раёсати Эътилоф ва 8 комиссияи чамъиятӣ, аз чумла Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба ҳимояти ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов, оид ба шиканҷа ва ҳифзи хуқуқҳои маҳбусон, мубориза бар зидди коррупсия, таъмин ва такмили демократӣ ва шаффоф баргузор шудани интихобот, ҳисобот дода, хостори фаъолтар гардидани кори ин эътилоф шудааанд.
Ба қавли Раҳматилло Зоиров, дар ҷаласа дар баробари масъалаи фаъол намудани кори Эътилоф ва сохторҳои он, мардумӣ кардани мақом, ҳадаф ва вазифахои Эътилоф, зарурияти таҳия ва қабул намудани низомномаи Эътилоф, Барномаи Эътилоф «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», Консепсияи Эътилоф «Барои рушди демократия ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барои солхои 2014-2030, низомнома дар бораи Кумитахои ҷамъиятии Эътилоф, принсипҳои асосии ташкили кор ва фаъолият дар эътилоф ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Зимни ин нишаст, қарор шудааст, ки Конференсияи 2-юми Эътилоф рӯзи 25-уми январи соли 2014 дар Душанбе даъват карда шавад.
Раиси ҲСДТ афзуд, ки дар ин нишаст таъкид шуд, то Эътилоф на танҳо фаъол, балки дар ҳакикат мардумӣ шуда, барои демократия (мардумсолорӣ) ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро сафарбар намоянд.